Ба гузориши хабаргузории «Абна» ба нақл аз «Русия ал-Яум», хабарнигори шабакаи саҳюнистии «Кан» гузориш дод, ки артиши ин режим дар ҳоли анҷоми таҳқиқот дар хусуси иллалҳои шикасти системаҳои радарӣ ва ҳушдори нерӯи ҳавоии «Исроил» дар баробари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини дирӯзи Яман аст.
Дар ин гузориш омадааст, ки ҳамлаи дирӯза хатарнок буд. Ҳавопаймои бесарнишини Яман ба ҳарими ҳавоии сарзаминҳои ишғолӣ нуфуз карда ва як минтақаи роҳбурдӣ, яъне фурудгоҳи Рамон дар Нақабро ҳадаф қарор дод. Ин минтақа ба Эйлат бисёр наздик буда ва барои парвозҳои дохилӣ аз он истифода мешавад.
Расонаҳои ибрӣзабон низ гузориш доданд, ки артиши режими саҳюнистӣ дар ҳоли таҳқиқ дар хусуси ин нукта аст, ки оё ҳавопаймои бесарнишини яманӣ дар замони машғул будани дифоъи ҳавоӣ ба ҳавопаймоҳои бесарнишини дигар, аз самти Урдун вориди сарзаминҳои ишғолӣ шудааст ё на?
Шаҳрдори Эйлат низ эътироф карда, ки зарбаи як ҳавопаймои бесарнишин ба сурати мустақим ба сарзаминҳои ишғолӣ, он ҳам бидуни ҳушдорҳои қаблӣ, нигаронкунанда аст. Нерӯҳои мусаллаҳи Яман бо вуҷуди ҳамлаҳои Тел-Авив алайҳи хоки ин кишвар, Эйлатро фаромӯш накардаанд.
Your Comment